ВНМО – БЕМОРИИ МУЗМИН АСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази “ВНМО” - и нохияи Данғара, дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” – и  МТМУ №75 байни мактаббачагон синфи 11 оиди пешгири ва сари вакт ташхис намудан дар байни гурӯххои осебпазири ахоли семинар машварат гузарониданд. Дар ин самт инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар омӯзгорону хонандагон  пурзӯр карда шудааст. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ҳадафи асосии барнома паст кардани шумораи сироятёфтагон, яъне таъсир гузоштан ба он ки дарёфт хеле зиёд шавад ва шумора дар солҳои минбаъда коҳиш ёбад.