ДАЪВАТ БА САҲМГУЗОРӢ ДАР КОРИ ХАЙР

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, ташкил намудани шанбегиҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ташкилоту муассисаҳо бо ҷалби васеи сокинон, кормандони корхонаю муассисаҳои ноҳия аксияи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ таҳти унвони "Даъват ба саҳмгузорӣ дар кори хайр" гузаронида шуд. Ташкилоти ибтидоии муассисаи давлатии “Қасри фарҳангӣ ҷумҳуриявӣ Данғара” низ гувоҳи он аст, ки тамоми кормандон ҳамарӯза моҳияти тозагиву хуррамгардониро хуб дарк намуда, аҳамияти онро дар зебоиву дилороӣ ва сарсабзу шукуфоии қалби поку муқаддаси Тоҷикистон муҳим арзёбӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз гузаронидани ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ агар аз як тараф, ба тозагии муҳити атроф ва хуррамгардонии он нақши назаррас гузорад, аз тарафи дигар, дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа муттаҳидию сарҷамъиро таблиғу ташвиқ менамояд Таҳти ин шиор чанд муддат аст, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба ҳашар баромада, дар тозагиву озодагӣ ва хуррамгардонии ноҳия саҳм гузошта, майдончаҳои варзиш ва минтақаҳои гуногунро аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза менамоянд.

Чунин корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони тамоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия мақсади тозагии гирду атрофи  дар сатҳи баланд ҳамарӯза гузаронида шуда истодааст.