ДАРАХТИ МАН БАРОИ ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Минтақаи озоди иқтисодӣ”  таҳти шиори “”Ободии Ватан ин сарсабзии Тоҷикистон аст”  4000 ҳазор дарахти ороишӣ ва сояафкан шинонида, саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ ва ба “Шаҳри сабз” табдил додан, гузоштанд.

Ҳамзамон, барои шинонидани дарахтон ҳамаи кормандони фаъолона ба ҳашари баромада,  саҳми  беандозаи худро гузоштаанд. Дар фарҳанги миллии мо калимаи “сабз”, на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ аст, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад ва ба суннатҳои миллӣ ва ойинҳои динии мо иртиботи қавӣ дорад.

Масъулин зимни ҳашар иброз доштанд, ки бузургони мо аз гузашта то имрӯз амалҳои ниҳолеро шинондан ва маконе тозаву озода намуданро аз ҷумлаи амалҳои неку шоиста маънидод кардаанд.