ҲАШАРИ ДАРАХТШИНОНӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Себистон бо иштироки сокинони ҳамаи деҳаҳои Ҷамоат зиёда аз 4000 бех ниҳолҳои сояафканду ҳамешасабз ва 1050 адад ниҳоли тут шинонида шуда, инчунин ҳафтаи сипаришуда дар деҳаҳои Себистон, Калкот ва Розиён ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид. Дар оғоз бо ҷараёни корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҷамоат зоҳир намуда, бобати тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон.

Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарору бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо иҷрои он, барои сокинони Ҷамоати деҳоти Себистон шароити шоистаи кору зиндагӣ фароҳам гардида истодааст.