САҲМИ МАН БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Данғара,  корҳои ободони ҳашари умуми ноҳиявӣ бо ҷонибдории фаъолони тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизби бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъати тоза бахшида истодааст.  Ин навбат дар боғи Парчами ноҳия маъракаи ободонӣ бо нарм намудани бехҳои дарахтон, шинонидани  гулҳои ороиши ва тоза намудани  алафҳои бегона аз саҳни боғи Парчам гузаронида шуд.