ТОЗАГИЮ ОЗОДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

11 феврали соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” бо ташаббуси ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аксияи экологӣ таҳти унвони “Тозагию озодагӣ мароми мост” дар гирду атрофи донишгоҳ ва кӯчаи Советии ҷамоати шаҳраки Данғара гузаронида шуд.

Чунин чорабиниҳоро Раёсати донишгоҳ бо мақсади тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва ноҳияи Данғара минбаъд низ роҳандозӣ хоҳад кард.