ҲХДТ - ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

08 – уми феврали соли 2023 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Маркази” - и ноҳияи Данғара чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Маркази” - и ноҳияи Данғара, ки барои ба сафи ҲХДТ дохил шудан ариза пешниҳод намуда буданд, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.   

Қобили қайд аст, ки имрӯз  аъзоёни  ин  ҳизбро  шахсони бонангу  номус ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии   шаҳрвандон    саҳми   назаррас гузошта истодаанд.

Зимни суҳбат табибоне, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  муроҷиат ба сафи аъзои ҳизбро доранд, бо як ифтихори баланд, оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор менамоянд.