СУННАТҲОИ  МИЛЛИИ  ҚАДИМА  БА  ТАРЗУ  УСЛУБИ  НАВ ЭҲЁ ШУДАНД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ қисмати муҳимтарини низоми анъананаҳо ва таҷрибаҳои таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти моддиву маънавии ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳимест ҷиҳати муаррифии миллати қадима, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон мебошад.  Маъмулан, ҳар як ҳунари мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мегузарад ва таҳаввулу такомул меёбад. Ҳувият ва фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама, дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётии он таҷассум ва ифода меёбанд. Ҳунарҳои мардумӣ аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ табақу қошуқтарошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ қуроқдӯзӣ ва дигар суннатҳои миллии қадима ба тарзу услуби нав эҳё шуданд. Тоҷикон, ки аз давраи бостон ҳунарҳои зиёдро доро буданд, хушбахтона ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расиданд. Президенти кишвар ҳамеша зимни баромадҳояшон доир ба ҳунарҳои халқӣ суханронӣ намуда, онро мероси маънавии миллати тоҷик медонанд: “Тоҷикон аз замонҳои қадимтарин мардуми ҳунарманду фарҳангдӯст буданд ва ҳамеша ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ арҷ мегузоштанд. Ин хислати хуб ва шуғли ҳамарӯзаи гузаштагон, яъне ҳунару ҳунармандӣ, дар байни мардуми мо ҳанӯз побарҷост”. Ҳунарҳои аҷдодони гузаштаамон, ки замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, саҳмгузор бошем