ИДОМАИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Данғара дар баробари корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ инчунин сарсабзу хуррамгардонӣ ва кабудизоркунӣ оғоз гардида, дар ин раванд корҳо бо вусъаб ҷараён дорад. Дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо бо истифода аз рӯзҳои мусоид маъракаи ниҳолшинони боиштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони  мақомоти маҳаллӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, ҷамъиятҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ ба таври дастаҷамъона ба ҳашари ниҳолшинони пардохта дар ин тадбир шумораи зиёди дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабзро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ  шинониданд.