АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНИ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардида буд, дар сартосари кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва иқдомҳои бунёдкорона роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ҳамин радиф, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва фаро расидани мавсими ниҳолшинонӣ, бо мақсади кабудизоркунӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию зебои бахшӣ ба намои кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Данғара, аксияи ниҳолшинонӣ роҳандози намуданд, ки дар доираи он миқдори зиёди ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.