АФЗОИШЁБИИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ШАХСОНИ ПАРДОХТКУНАНДА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроиияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз  тарафи шахсони содиқ ба ҲХДТ барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат менамоянд. Қобили қайд аст, ки имрӯз   аъзоёни  ин  ҳизбро  шахсони  бонангу  номус ташкил медиҳанд,   ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии   шаҳрвандон    саҳми   назаррас гузошта истодаанд. Зимни суҳбат бо шахсоне, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  муроҷиат ба сафи аъзои ҳизбро доранд, бо як ифтихори баланд, оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор менамоянд.