АКСИЯИ УМУМИНОҲИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
13 январи соли 2024 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва иштироки раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, аксияи умуминоҳиявии ниҳолшинонӣ бо мақсади сабзу хуррам гардонидани кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия баргузор гардид, ки дар он кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, сокинони кӯчаю маҳаллаҳо дар он фаъолона иштирок намуданд.