САҲГУЗОРИИ БЕВОСИТА ДАР РАВАНДИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, дар ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳи Алиҷон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамарӯза дар назди бинои иловагии муассисаи таълимии № 24 - и ноҳияи Данғара аз тарафи кормандони техникӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълими шанбегӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ва кӯчаю хиёбонҳо баргузор гардид. Ҷиҳати ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр ва саҳмгузории бевосита дар раванди бунёдкориву созандагӣ аъзои фаъоли ҳизб дар ҳудуди деҳа бесобиқа арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи аъзои фаъоли ҳизб  рӯз аз рӯз симои зоҳирии деҳаи Алиҷон зебову дилрабо гашта, корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.