САҲМ ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инчунин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Ҷамоати Себистон, ки раиси ташкилоти ибтидои, ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ буда, доимо дар корҳои ободониву созандагӣ иҷрои амалҳои хайр саҳмгузорӣ менамояд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи аъзои фаъоли ҳизб дар корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз аз рӯз симои зоҳирии ҷамоати деҳоти Себистон  зебову дилрабо гардида истодааст.