БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ЭКОЛОГӢ (Тозагии маҳал)

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар Ҷамоати деҳоти Себистон рӯзи экологӣ гузаронида шуд, ки мардуми заҳмад қарини Ҷамоати деҳоти Себистон пайваста кӯшиш мекунад ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат идомадиҳандаи амалҳои хайрхоҳонаву бунёдкоронаи эшон бошад.

Инак дар деҳаҳои Себистон, Калкот ва Розиён бо ташаббус ва иқдомҳои аъзоёни фаъоли ҲХДТ,  гурӯҳи ҷавонон ва сокинону фаъолони деҳаҳои мазкур бо роҳи ҳашари дастаҷамона дар шоҳроҳи Душанбе - Данғара тозаву озода намудани гирду атрофи ду шафати роҳро аз партовҳо ва зарфои пластики ва полетелники тоза карданд, ки яке аз амалҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад.Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои умуми пайваста гузаронида шуда корҳои ободонию созандагӣ низ дар ҳамаи маҳаллаҳо ҷараён дорад.