ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  дар меҳвари сиёсати оқилона, раийятпарварона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ятимону маъюбон ҷойгузини хос дорад, иброз  намуд масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара зимни таъмини нафақаи ҳизбӣ ба маъюбон.  Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 4 нафар шаҳрвандони маъюб, Ғоибова Шаҳло, Улуғова Шарбону, Исоева Гулчеҳра ва Салимова Озодамоҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида мешавад, ки ин аз ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар моҳи декабри соли ҷорӣ ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2000 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ  дастрас гардонидааст.