КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи 29 – умин  солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани саҳни бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Бояд зикр намуд, ки аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” 400 бех гули садбарг оварда шинонида шуд. Бо ин мақсад кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара корҳои ободонию созандагиро дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Данғара  идома дода истода барои шинонидани гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ  корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.