ШАНБЕ  - РӮЗИ ВАРЗИШ ВА СОЛИМГАРДОНӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баргузории чорабинии  оммавии  варзишӣ ва машқи пагоҳирӯзӣ таҳти шиори  "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш  аст" дар  саҳни ташкилоти ибтидоии Муассисаи  давлатии  маҷмаии варзишии  ноҳияи Данғара.

Тавре зикр кардем, давраи истиқлолият ба ҳалқи тоҷик тамоми шароитҳоро барои тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намуд ва тавре ҳамарўза шоҳидем, дар кишварамон ба пешрафти соҳаи варзиш диққати махсус дода мешавад ва пайваста бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Бунёди иншоотҳои мўҳташами зиёди варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашаванда ва далели онанд, ки дар ин самт сиёсати давлат самаровар аст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонун «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ», давра ба давра қабулу амалигардонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», қабули санадҳои зиёд бобати ҳавасмандгардонии Варзишгарон, барои мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст.