ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!”  ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин  истиқбол аз 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишини  Ҷамоати шаҳраки Данғара корҳои ободонӣ бо маром рафта истодааст.

Ин навбат бо ташаббус ва ҷалби сокинони кӯчаи Зебонисои Ҷамоати шаҳраки Данғара кашидани қубури обу корези дар масофаи 150 метр  ба истифода дода шуда истодааст.