ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 84 - И НОҲИЯ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси хурсандист, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизи мо дар ноҳияи Данғара боз як бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 и, деҳаи "Дурахшон" - и деҳоти ба номи Исмат Шарифов, бо иштироки раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин  мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои 2 ошёнаи муассисаи мазкур дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 синфхонаи инкишофи кӯдак мебошад, ки барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.