МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Озуқавории ноҳияи Данғара ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмуҳаммад Авғон баргузор карда шуд.

Зимни суханронӣ Каримзода Пирмуҳаммад Авғон иброз доштанд, ки хизматҳои бузургу беназири, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша кард.

Таъкид гардид, ки рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста пайдо намудани он пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи дорои Барномаи мушаххас ва маҳбубияти комил доштани ҳизб дар ҷомеа аст. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи чунин дастовардҳои беназир, амнияту суботи сиёсӣ ва боз ҳам ободтар намудани кишвари азизамон саҳми шоиста гузорем.