"Соати сиёсӣ" дар ташкилоти ибтидоии “ Маорифчиён» - и МТМУ №2, ноҳияи Данғара

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 25 ноябри  соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2,  соати сиёси дар мавзӯи Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Итсиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайронашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи  миллатҳои ҷумҳурӣ мебошад. боиси қаноатмандист, ки ҳар сол Рӯзи Парчами давлатиро, 24 – уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил менамоем. Парчами имрӯза яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин иродакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддаси соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Аз ин лиҳоз Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил