САФИ ҲИЗБИЁН БОМАРОМ ЗИЁД МЕГАРДАНД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баҳри иҷрои ҳадафу мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб аз сафи бонувону ҷавонони фаъол, пешқадамони соҳаҳои гуногун аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, ки Барнома ва Оинномаи ҳизбиро эътироф менамоянд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Кормандони соҳаи Озуқаворӣ низ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гашта, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи худ карда, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат мекунанд.