БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16 ноябр бахшида « Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Корези деҳаи Рахшонзамин бо иштироки Раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин боз як  майдончаи варзиши ба истифода дода шуд. Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонону варзишгарон таваҷҷуҳӣ хосса зоҳир менамоянд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ пайваста роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.