ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳравҳо дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия шанбегиҳои умумӣ гузашта истодааст. Дар ин шанбегиҳо тамоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  иштироки фаъололна дошта, баҳри сарсабзии диёри хеш ва тозаву озода нигоҳ доштани хиёбонҳо, ҳудуди муассисаву ташкилотҳо, нарм намудани бехи дарахтони сояафкан, тоза нигоҳ доштани боғҳои фароғатии ноҳия саҳми бевоситаи хешро гузошта истодаанд.