СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №42

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №42 - и ноҳияи Данғара Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омода ва ҷалб намудани хонандагон ба олимпиядаҳои фаннӣ  маъруза намуданд. Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар мактаби №42, дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарасттиро пайдо менамояд.