АФЗОИШЁБИИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ КОРМАНДОНИ "ММБИ" ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи  26.10.2023, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Маркази минтақавии баҳисобгии инфиродӣ” дар ноҳияи Данғара маҷлиси  ҳизбӣ доир гардид. Дар маҷлис масъулин иброз доштанд, ки имрӯз аъзоёни ин ҳизбро шахсони бонангу номус ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд  бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар идомаи суҳбат   шахсоне, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  муроҷиат ба сафи аъзои ҳизб намуда буданд, бо як ифтихори баланд, оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор намуданд.