ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва дархости шаҳрвандон ҷиҳати аъзо шудан ба ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон дар “Маркази минтақавии баҳисобгии инфиродӣ” дар ноҳияи Данғара маҷлис баргузор гардид. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон  иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо овоздиҳии иштирокдорон онро тасдиқ намуд.  Зикр гардид, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб дар муассисаву корхонаҳо ва метавон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дод. Оид ба ин масъала, иштирокчиён баромад карда, пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлис ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Маркази минтақавии баҳисобгии инфиродӣ" дар ноҳияи данғара таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии аъзои ҳизб Шоҳини Убайдулло  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид.