ИДОМАИ ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳия корҳои ободони ҳашари умуми ноҳиявӣ бо ҷонибдории фаъолони тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизби, хонандагони муассисаҳои таълимӣ бахшида ба ҷашнҳои дар пешистодаи 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст. Ин навбат аз тарафи  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Маорифчиён"  дар ноҳия маъракаи ободонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҳашарҳо иштирокдорон ба   нарм намудани бехҳои дарахтону гулҳои ороишӣ, тоза намудани роҳраву қубурҳои бетонӣ машғули кор гардидаанд.