ВОХӮРИИ МИЁНИ АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР МТМУ №16

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16   октябри  соли 2023,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 – и Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара бо иштироки Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Раҷабализода Ҳокимали Раҷабали миёни хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор  гардид.  Зимни суханрони масъулин вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, сафарбаркунии онҳо  ба хизмати Ватан -Модар дар даъвати тирамоҳӣ, пешгирии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишои миллӣ, ҳифзи хоки муқаддаси сарзамини аҷдодӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсили илм ва фаро гирифтани онҳо ба амалҳои неку созанда  ва дигар мақсадҳо таҳкид намуданд.