АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 10 – уми октябри соли ҷорӣ, дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59  – и  ноҳияи Данғара бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Раҷабализода Ҳокимали Раҷабали миёни аъзоёни ташкилоти номбурда вохӯрӣ доир гардид.  Зимни баромади хеш  баҳри таҷлили сазовор аз ҷашнҳои дар пешистодаи 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханрони намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.  Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба якқатор омӯзгороне, ки бори аввал ба сафи ҳизб аъзо шуданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуд.