МАҚСАДИ МО БУНЁДИ РОҒУН !

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар асоси Барқияи телефонии №1, аз 6 январи соли 2023  ва  Барқияи телефонии №7 аз 13 марти соли 2023 - и Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мавриди корбари қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷалби сокинони касбу кори гуногуни  ноҳия барои кор дар НОБ «Роғун» вусъат дода истодааст. Ҳамарӯза  аз тарафи сокинон,шахсони ванатдӯсту ватанпарвар ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара муроҷиат менамоянд, ки барои кор намудан дар ин иншооти азими аср НОБ «Роғун» рафта саҳми худро гузоранд.    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои кор дар НОБ «Роғун»  тибқи Роҳхати ҳизбӣ  шахсони муроҷиатнамударо таъмин менамояд.