САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ БОНУВОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 26 – уми сентябри соли ҷорӣ, аз тарафи як қатор омӯзгорони  ҷавони  Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 – и ноҳияи Данғара барои аъзо шудан ба ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.  

Зимни шиносои бо онҳо Раиси Кумитаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон суҳбат ороста  ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ таҳкид намуданд.Сипас нафароне, ки барои аъзо шудан ба ҲХДТ ташриф оварда буданд, бо Оиннома ва Барномаи ҳизб шинос шуда, аризаҳои худро пешниҳод намуда, ҳамчун аъзои ҲХДТ соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.