ДАСТИ БОНУВОН ГУЛ АСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар солҳои охир таваҷҷуҳи бонувон ба самти гулдӯзиву, тоқидӯзи, шероздӯзӣ ва пироҳани чакан ба ин соҳа бештар ба назар мерасад. Ҳар як ҳунарманд кӯшиш менамояд, ки  намунаи нави гулдӯзӣ ва нақшу нигори тоҷикиро дар шакли нав нишон диҳад, то завқи мардум ва таваҷҷуҳи занон зиёдтар гардад. Ҳунарҳои бофтани шерозҳо, омода кардани пупакҳо ва муҳрабофиро занони хонанишини мо дубора эҳё намуданд. Ба хотири ривоҷ додани ҳунар, бонувони моҳир шогирдони зиёде дузандадухтаронро тайёр намуда истодаанд. Занони деҳот тамоми ҳанарҳои худро чарх занонда, мизоҷро ҳавасманд мегардонад.

Ҳоло бошад тамоми занони деҳот  аз нозукиҳои ҳунари ниёгон воқифанд, хоҳ чеварӣ бошаду хоҳ заргарӣ ё кулолгарӣ. Ба ин васила ҳунари бонувони маҳаллӣ ба талаботи замон ва бозор мувофиқ буда , мизоҷро ҳавасманд карда харидрони зиёд пайдо мекунад. Занони ҳунарманди деҳот аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдори намуда аз касби интихобнамудаашон рози ва пешрав дар ҳунарашон мебошад.