АМАЛИ ХАЙРХОҲОНА НИСБАТИ ЯТИМОНУ КАМБИЗОАТОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону камбизоатон дар ҳудуди ноҳияи Данғара мунтазам тадбирҳои инсондӯстона ва хайрхоҳӣ гузаронида мешавад.

 Ба муносибати соли нави хониш аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ба 2 нафар хонандагони камбизоати Муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 – и деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти Пушинг сарулибоси мактаби ва тамоми лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Таъкид шуд, ки дар сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии ятимону камбизоатон дар мадди аввал қарор гирифта, эшон мунтазам мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд, донишҳои муосирро аз бар намоянд, мутахасиси забардаст шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

Хонандагони мавриди ғамхорӣ қароргирифта дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва падари ғамхори хеш барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдомоти хайрхоҳона аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нисбати ятимону камбизоатон дар ҳар иду айёмҳои расмию миллӣ роҳандозӣ карда мешаванд.