АРМУҒОНИ ҶАШНИ АЗ ҶОНИБИ СОҲИБКОРОН БА СОКИНОНИ МАҲАЛ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи сафари корӣ нимаи дуюми 7 сентябри соли ҷорӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, раиси ҷамоати деҳоти пушинг Раҳматзода Исмоил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23, ки дар арафаи соли нави таҳсил дар деҳаи Ғиҷовакт ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарияти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Данғара ба фаъолияташ оғози расмӣ бахшида буданд шинос гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 бо пайрави аз сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳалли бо тамоми шароити муосири замонави тармиму таъмир ва азнавсози гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 деҳаи Ғиҷовак, ҷамоати деҳоти Пушинг соли 1989 дар масоҳати 23418 м2, аз он ҷумла зери сохтмон 237б м2 барои640 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуда буд. Муассиса аз ду толор ва ошхона иборат буда, масоҳати зали маҷлисгоҳ150 м2 барои120 ҷойи нишаст, масоҳати зали варзишӣ 200 м2 , масоҳати ошхонаи муассиса 250 м2 барои 60 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Дар 33 сол муассисаи мазкур ягон маротиба аз таъмири асосӣ бароварда нашуда, болопӯши он бетонӣ буда, солҳои охир обгузарон шуда, дуюм ошёнаи муассиса дар натиҷаи боришоти зиёд корношоям гардида пурра таъмирталаб гардида буд. Ошхона, толори варзиши, маҷлисгоҳ ва шабакаи гармидиҳии муассиса даҳсолаҳо инҷониб фаъолият надошт.Бояд қайд кард, ки муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбини гардидааст.Муассиса аз 25 синфхона, 4 кабинетҳои фаннӣ (компютер, физика, химия, биология), лабораторияҳо 4 адад, ҳуҷраи табиб, муҳосибот, бойгонӣ, маъмурият, утоқи сарпешоҳанг, хонаи омӯзгорон, толори фарҳангӣ бо110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой иборат мебошанд.Синфхонаи компютери бо 20 адад компютерҳо, кабинетҳои фанни бо 2 адад тахтаи электронӣ муҷаҳазгардонида шудаанд. Дар саҳни муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, баскетбол омода карда шудааст. Гармидиҳии муассисаи таълимии мазкур пурра барқарор карда шуда дар он буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имконияти тамоми ҳуҷраҳоро бо ангишт гарм нигоҳ медорад, насб карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки саҳни муассиса сафолакпуш ва гулу гулкорӣ карда шуда, ниҳолҳои ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Ва дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори 2024 боз тибқи нақшабандии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва маорифи ноҳия шинондани ниҳолҳои нав дар назар аст. Қайд кардан ба мавридаст, ки соҳибкорони деҳа иқдом гирифта буданд, ки сохтмони бинои идораи Ҷамоати деҳоти Пушинг, клуби фарҳангии деҳа ва бинои хобгоҳи омузгорони муассисаи таълими иборат аз ду ошёна бунёд созанд ва дар баробари ифтитоҳи муассиса аз тарафи меҳмонон ва соҳибкорон санги асосои сохтмони биноҳои мазкур барои оғози сохтмон гузошта шуд, ки чунин биноҳои замонавӣ ба ҳусни деҳа зебогӣ зам мекунад.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара маҳсуб меёбад.
Зимни боздид вакили Маҷлиси намояндагон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро боиси таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.