АФЗОИШЁБИИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара занону ҷавонони содиқ ба ҲХДТ барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат мекунанд. Имрӯз  аксарияти  аъзоёни  ин  ҳизбро  занону ҷавонони  бонангу  номус ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда дар баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд. Зимни суҳбат занону ҷавононе, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  муроҷиат ба сафи аъзои ҳизбро доранд бо як ифтихори баланд оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул шуда соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор менамоянд.