АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ – ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 – юми сентябри соли 2023, бо иштироки васеъи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамкори бо соҳаи тандурустӣ ва сокинони маҳал дар маркази ноҳия ва қад – қади соҳилҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил – вазифаи мо ҷавонон” баргузор гардид.  Дар ин аксияи мазкур иштирокдорон ба тозагии гирду атрофи боғу гулгаштҳои ноҳия, ҷойҳои ҷамъиятӣ, қад –қади соҳилҳо машғул шуда, ба тозагии муҳити атроф ва ҷойҳои ҷамъияти саҳми арзандаи худро гузоштанд.