ТАЪМИНИ САРИВАҚТИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар меҳвари сиёсати оқилона, раийятпарварона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ятимону маъюбон ҷойгузини хос дорад. Иброз  намуд Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин  - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара зимни айёдат ва таъмини нафақаи ҳизбӣ ба маъюбон.  

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 4 нафар шаҳрвандони маъюб, Ғоибова Шаҳло, Улуғова Шарбону, Исоева Гулчеҳра ва Салимова Озодамоҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида мешавад, ки ин аз ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззам ва маҳбуби миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар моҳи августи соли ҷорӣ ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2000 сомонӣ  нафақаи ҳизбӣ  дастрас гардонидааст.