САРСАБЗГАРДОНӢ ВА ОБОДОНИИ ДИЁР МАСЪУЛИЯТИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати вусъат додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф аз тарафи кормандону сокинони ташкилотку муассисаҳои ноҳия  ҳамарӯза шанбегиҳои умуминоҳиявӣ гузашта истодааст. Мавриди зикр аст, ки сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу беруни ва гирду атрофи идора, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. Чунин корҳо пайваста дар ноҳия барои тозаю ороста нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ баргузор гардонида мешавад.