РОҒУН КОХИ НУР АСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар асоси Барқияи телефонии №1, аз 6 январи соли 2023  ва  Барқияи телефонии №7 аз 13 марти соли 2023 - и Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мавриди корбари қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷалби сокинони ноҳия касбу кори гуногун барои кор дар НОБ «Роғун» вусъат дода, натиҷа маълум намуд, ки ду нафар сокини ноҳия Набиев Шамсиддин ва Ҳусейнов Лутфулло ба  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои кор дар НОБ «Роғун» муроҷиат намуда, тибқи Роҳхати ҳизбӣ №202 ва 203 ба НОБ «Роғун» барои кор равона карда шуданд.