СОХТМОНУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ҲАДАФИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хонандагони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 – и деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара, соли нави хонишро дар шароити муосиру муносиб оғоз менамоянд. Ба иттилои масъулин муассисаи мазкур солҳои 80 – уми асри гузашта бунёд гардида буд ва давоми беш аз 30 – сол дар ҳамин самт хизмат мекард бо мурури замон таъмирталаб гардида буд. Дар доираи дастгирӣ ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони маҳалли, ки асосан хатмкардагони ҳамин муассиса мебошанд, тасмим гирифтаанд, ки муассисаро ба пуррагӣ азнасози карда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намоянд. Шуруъ аз боми бино, дару тиреза, фарш, роҳравҳо, синфхонаҳо ва аз ҳисоби иншооти ёрирасон, ки таъмирталаб буду аз истифода дур монадбуданд бо анҷоми корҳои таъмири синфхонаҳои иловагӣ ташкил намуданд, ки ин омил барои бартараф кардани эҳтиёҷот барои ҷойи нишаст мусоида менамояд. Қобили зикр аст,  ки бо ҳамин тартиб корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара, бо як тартиби муайян идома дорад.