ҶДММ "ФАЙЗИ КАРИМ" ДАР РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТ САҲМ МЕГУЗОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 июли соли 2023,  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи Ҷамаоти деҳоти Корези ноҳияи Данғара аз фаъолияти ҶДММ "Файзи Карим" дидан карданд. Бояд гуфт, ки 17 июни соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим”ба истифода дода шуд. Марҳилаи 2-юми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои корхона муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолот иборат мебошад.

Дар сехи бофандагӣ 10 дастгоҳи калони даврашакл насб шуда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии коргоҳ зиёда аз 36 тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад. Ришта ҳамчун ашёи хом аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ — Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва “Ваҳдаттекстил”-и ноҳияи Ёвон дастрас карда мешавад. Сехи дуюми корхона — коргоҳи рангубори матоъ буда, он аз дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, таҷҳизоти рангубори ришта иборат мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 36 тоннаро ташкил медиҳад. Давраи ниҳоии хати истеҳсолии корхона дӯзандагӣ мебошад, ки дар он 80 адад мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти ба он вобаста насб карда шудааст. Иқтидори истеҳсоли коргоҳи дӯзандагӣ вобаста ба фармоиш дар як шабонарӯз ҳазор донаро либос ташкил медиҳад.

Айни замон дар марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа 250 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Мағозаи фуруши маҳсулоти корхона дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст. Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” ҷиҳати ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолият, инчунин омода намудани мутахассисон бо Федератсияи Русия, Туркия ва Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” оид ба истеҳсоли намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 ифтитоҳ гардида буд. Айни замон корхона фаъолияти хуб дошта, дар татбиқи ҳадафи ҷоруми миллӣ - саноатикунинии босуръати кишвар ҳиссагузор аст. Кормандони аз фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ ва маоши хуб изҳори хушнудӣ карданд.