ДИДАН НАМУДАНИ НАМОЯНДАИ КИВ АЗ КОШОНАИ ҲУСНИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 июли соли 2023 мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғафурзода Рухсора, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон аз фаъолияти кошонаи ҳусни  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дидан намуданд. Зимни шиносои масъулин вобаста ба шуғл фаро гирифтани ҷавондухтарон бо касбу кори гуногун,  риоя намудани талаботҳои гигиенӣ ҳангоми кор, тоза нигоҳ доштани ҷойҳои ороишӣ, истифода намудан аз маводҳои антисептикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим тавсияҳои судманд доданд. Бояд қайд намуд, ки кошонаи ҳусни  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  барои баргузории туйи арусию домодии навхонадорон ба наварусон хизматрасонӣ менамояд.