ФАЪОЛИЯТИ СЕХИ ДУЗАНДАГИИ НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сехи дӯзандагӣ фаъолияти худро шуруъ намуда, дар он занони хонашин ба кор ҷалб гардидаанд. Дар сехи дузандагии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  10  нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, фаъолияти худро баҳри хубтару беҳтар гардидани шароити зиндагиашон равона менамоянд. 

Зимни вохӯрӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон  бо занони дузандаи назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, иброз намуд, ки барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли молу ашёҳои ватанӣ яке аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.