БО ТАШАББУСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА КОШОНАИ ҲУСН ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ОҒОЗ МЕНАМОЯД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  кошонаи ҳусн фаъолияти худро оғоз менамояд. Кошонаи ҳусни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, баҳри хизматрасони бо занону бонувон ва туйи арусӣ фаъолият намуда, дар ин мутахассисони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.

Инчунин,  наварусон тамоми либосҳои арусиро барои гузаронидани туйи арусӣ  дастрас карда метавонанд. Кошонаи ҳусни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо дастгоҳҳои муосири хизматрасонӣ муҷаҳҳаз буда, ба мизоҷон хизматрасонӣ менамояд.