МО АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР АҚИДАИ ХУД УСТУВОР МЕБОШЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи рӯзи 01 июни соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ноҳияи Данғара чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали иштирок намуд. Дар оғози  чорабини роҳбари муассиса Алиева Саодат миёни аъзоён ва кормандони муассиса оид ба нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  баромад намуда қайд намуд, ки ҳар як узви ҳизб таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, дар роҳи Ватан ба кишвари азизамон чун Сарвари муаззами ҳизбамон  - Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи ибрати мост, тамоми ҳастию кӯшишамонро дареғ намедонем.

Танҳо якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтар намоем ва ҳамчун як кишвари пешрафта, сарсабзу хуррам, осумонаш пур аз фазои ваҳдату истиқлол, миллаташ орому осуда  ва соҳибтаъриху соҳибтамаддун муаррифӣ намоем. Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали баромад намуда зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангӣ сиёсии онҳо мусоидат намуда ҳамкориҳои доимиву густурдаро ба ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст.  Дар тули 29 – сол ин ҳизб тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёбад, мардумро дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳаллӣ аҳдофи стратегӣ оқилона роҳнамои намояд. Дар охири чорабинӣ ба 28 нафар омӯзгороне, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ қабул гардидаанд Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба омӯзгороне, ки дар давоми соли хониш фаъолияти хуби корӣ нишон додаанд дар фазои тантанавӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида шуданд.