ҲЕҶ ЗАҲМАТ БЕ ПОДОШ НЕСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 01 июни соли 2023, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38  ноҳияи Данғара, ҷиҳати  дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҳизбӣ аз қабили “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин иштирок ва суханрони намуда, иброз намуд, ки ҳар як  аъзои ҲХДТ ифтихор аз он намояд, ки ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳизбест, ки марому мақсади он танҳо барои халқ кор кардан, вазъи зиндагии мардумро шоиста гардонидан, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ доштан ва барои рушду инкишофи меҳани маҳбубамон талош намудан аст. 

Дар охири чорабинӣ  як қатор омӯзгорони ин муассиса дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои содиқонаашон дар пешрафту нуфузи ҲХДТ бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара қадрдони гардиданд.