ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОН ҶИҲАТИ ДАСТГИРИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 01 июни соли 2023, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72  ноҳияи Данғара чорабинии ҳизбӣ миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин иштирок намуда,тамоми аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаро барои ҳузурашон дар ин чорабини хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳар як аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангӣ сиёсии онҳо мусоидат намуда ҳамкориҳои доимиву густурдаро ба ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст.   Ин ҳизб тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёбад, мардумро дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳаллӣ аҳдофи стратегӣ оқилона роҳнамои намояд. Дар давраи истиқлолият дар кишвари мо корҳои бузурге ба сомон расиданд ва ё бунёди босуръати онҳо идома ёфта истодаанд, ки дар муқоиса бо даврони Иттиҳоди Шуравӣ, ки имконоти хеле густурда дошт, анҷом додани он ба осонӣ  муяссар  намешуд. Моро зарурате пеш омад, ки бо истифода аз имкониятҳои маҳдуди худ иншооти ҳаётан муҳими индустриалиро, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат менамояд, бунёд кунем.

Дар охири чорабинӣ  як қатор омӯзгорони ин муассиса дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои содиқонаашон дар пешрафту нуфузи ҲХДТ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҳизбӣ аз қабили “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара қадрдони гардиданд.