КОРҲОИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ИДОМА ЁФТА ИСТОДААСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони ташкилоти ибтидоиии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара ба ҳашари умумӣ баромада, паи тозаю хуррамгардонии гирду атрофи муассисаи худ ва кучаю роҳравҳои маҳалли худ заҳмат кашида истодаанд. сулҳу субот ва оромии кишвари азизамон Тоҷикистон, Кормандони муассиса  бо як дили гарму табъи болида пайи ободу зебо гардонидан, тозаю хуррамгардонии роҳраву маҳалаҳо камари ҳиммат баста дар сарзабзу хуррамгардонии диёри худ ва назди муассисаи худ заҳмат кашида истодаанд. Имрӯзҳо ки дар кишвари мо фасли баҳор ҳукумфармост, сокинони ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия саҳм гузошта истодаанд.